Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯи санаи 19-уми июни соли 2018 дар доираи амалиёти «Кӯкнор - 2018» аз тарафи кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой аз лаби ҷуйбори обгузари заминҳои кишти ҶСК «Парандапарвар-2»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба миқдори 5480 бех растании монанд ба бангдона дарёфт карда, гирифта шуд.
Тибқи маълумотномаи ташхиси коршиносон растаниҳои рангашон сабзи бӯи махсус дошта, ба гурӯҳи растаниҳои нашъаовари навъи бангдонаи худрӯй дохил мешаванд.
Аз рӯи ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо иштироки кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шахсони холис, растаниҳои нашъаовари навъи бангдона ба таври сӯзонидан несту нобуд карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон