24 июли соли 2026 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар назди бозори «Фаровон»-и шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти тамғаи «KIA SEDONA», рақами қайди давлатии 4351WM20, боздошт карда шуд.

Ронандаи автомашина ба амру талаботи қонунии кормандони мақомоти гумрук итоат накарда, ҳаракати худро ба самти маҳаллаи Меҳнатободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома додааст. Номбурда воситаи нақлиётро дар яке аз паскӯчаҳо гузошта, аз ҷойи ҳодиса ба самти номаълум ғайб задааст.

Кормандони гумрук воситаи нақлиёти мазкурро думболагирӣ намуда, онро дар паскӯчаи зикршуда пайдо кардаанд. Дар натиҷаи маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардидааст, ки автомашина ба шаҳрванд Назаров Аҳрориддин Пардаевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, тааллуқ дорад.

Воситаи нақлиёт ҷиҳати гузаронидани азназаргузаронӣ ба шуъбаи нақлиёти Раёсати молиявию хоҷагии Хадамоти гумрук интиқол дода шуд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони автомашина 716 баста (блок), дар маҷмуъ 7160 қуттӣ (пачка) маҳсулоти тамоку — сигорҳои тамғаи «ESSE CHANGE», ки тибқи навиштаҷоти рӯйи қуттиҳо истеҳсоли Ҷумҳурии Корея мебошанд, бе тамғаи аксизии воридотӣ ошкор ва муайян карда шуданд.

Муайян гардид, ки маҳсулоти мазкур бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар муомилот қарор доштааст.

Бо дарназардошти далелҳои ҷамъоваришуда, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрванд Назаров Аҳрориддин Пардаевич ва дигарон бо моддаи 259 иловаи 1 қисми 2 банди "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


