ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Душанбе аз муомилот 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 15 июли соли 2026 дар таваққуфгоҳи назди фабрикаи «Ширин», воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «Mercedes-Benz» бо рақами қайди давлатии 4666НН02 боздошт карда шуд.

Тавре зимни санҷиш муайян гардид, аз бордони воситаи нақлиёти мазкур 176 килограмм гӯшти бедона ошкор карда шуд. Баъдан маълум гардид, ки маҳсулоти мазкур ба сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Почоев Фирдавс Абдумаликович (соли таваллудаш 1994) тааллуқ дошта, ӯ онро бо мақсади ба ихтиёри шахси дигар гузоштан аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.

Тибқи хулосаи бахши назорати бойторӣ ва фитосанитарӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар таркиби маҳсулоти мазкур бактерияҳои бемориовар, аз ҷумла стафилококки тиллоранг, ошкор гардида, муомилот ва фурӯши он манъ мебошад.

Бино ба талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», маҳсулоти хӯрокворие, ки ба саломатии инсон зарар расонида ё барои истеъмол номувофиқ мебошад, хатарнок ҳисобида шуда, муомилот ва фурӯши он манъ аст.

Бо дарназардошти далелҳои ҷамъоваришуда, Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбат ба Почоев Фирдавс Абдумаликович бо аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи қисми 1 моддаи 209 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Парвандаи ҷиноятӣ барои гузаронидани тафтиши пешакӣ ба шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: