ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯшиши ворид намудани рақами қалбакии давлатии воситаи нақлиёт ошкор гардид.

Аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони гумруки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳолати ворид намудани ғайриқонунии рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардид.

 

Санаи 12 июни соли 2026 зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои воридоту содироти ғайриқонунии молу маҳсулот тавассути ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», дар хатсайри №202 самти «Москва – Душанбе» як адад бағоҷи мусофир Шарифова Екатерина, соли таваллудаш 1976, мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар ҷараёни азназаргузаронии бағоҷ дар дохили он як ҷуфт рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами «TJ 0888 DM 01» дарёфт гардид.

Бино ба хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақами мазкур аслӣ набуда, аз рӯи сифати металл, ҷойгиршавии рақамҳо ва ҳарфҳо, чопи голографӣ, мавҷуд набудани штрих-код дар қисми қафо ва дигар аломатҳои муҳофизатӣ аз рақамҳои расмии аз ҷониби мақомоти БДА додашаванда фарқ мекунад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои ошкоршуда ва дар асоси маводи ҷамъоваришуда, 25 июни соли 2026 аз ҷониби Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон бо аломатҳои моддаи 212¹ қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Парвандаи мазкур барои гузаронидани тафтиши пешакӣ ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: