Кормандони Шуъбаи Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 2026 зимни баргузории амалиёти гумрукӣ дар маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе миқдори зиёди маҳсулоти тамокуии ғайриқонуниро ошкор намуданд.
Ҳангоми боздошт ва санҷиши автомошинаи тамғаи «Toyota Sienna» бо рақами қайди давлатии 2183DP01 аз бағоҷи воситаи нақлиёт 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт гардид. Дар ҳар як қуттӣ 50 баста (блок) ва дар маҷмӯъ 2000 қуттича тамокуи тамғаи «MILANO LONDON», истеҳсоли Амороти Муттаҳидаи Араб мавҷуд буд.
Муайян гардид, ки маҳсулоти мазкур бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ ва бе тамғаҳои аксизӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.
Зимни санҷиш маълум шуд, ки тамокуҳои ошкоршуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Муҳаммадолим Тоирович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд тааллуқ доранд.
Номбурда дар баёноти худ зикр намудааст, ки ин маҳсулоти тамокуиро аз як шахс ба ивази қарз ба маблағи 1500 доллари ИМА қабул карда, бо мақсади фурӯш ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур корҳои санҷишӣ ва муайян намудани ҳамаи ҳолатҳои қазия идома доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


