ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қочоқи беш аз як килограмм афюн дар минтақаи гумрукии «Панҷи Поён» пешгирӣ гардид.

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як ҳолати қочоқи маводи нашъаоварро дар минтақаи назорати гумрукии «Панҷи Поён» ошкор ва пешгирӣ намуданд.

9 апрели соли 2026, тахминан соати 21:20, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Актрос» бо рақами қайди давлатии BLH9171L таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Шамсуддин Қосимович аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба минтақаи назорати гумрукии «Панҷи Поён» ворид гардид.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашина як адад борхалтаи полиэтилении нуқрагун дарёфт шуд, ки дар он 20 адад колинча (ҷойнамоз), ду адад куртаи афғонӣ, ду адад тоқии занона ва ду адад қолин мавҷуд буданд. Диққати саги хизматии кинологӣ ба ин ашё ҷалб гардида, зимни санҷиши иловагӣ муайян карда шуд, ки дар атрофи колинчаҳо маводи қаҳваранги дорои бӯи махсус бо селофан печонида ва дӯхта шудааст.

Тибқи хулосаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи ошкоршуда воситаи нашъадори навъи «афюн» буда, вазни умумии он 1 килограмму 87 граммро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки маводи мазкур бояд тавассути шаҳри Душанбе ба шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуда, баъдан бо роҳи почта (карго) ба Ҷумҳурии Австралия фиристода мешуд.

Аз рӯи ин ҳолат нисбати як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: