ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ошкор ва пешгирии ҳолати интиқоли зиёда аз 5 тонна молҳои бидуни ҳуҷҷат

Кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ 24 марти соли 2026 дар буриши кӯчаи Ҳ. Шерозӣ, ноҳияи И. Сомонӣ, воситаи нақлиёти тамғаи «Фолксваген Крафтер», рақами қайди давлатии 1115 МА 01-ро, ки таҳти идораи шаҳрванд Пӯлотов Сулаймон Хушбахтович қарор дошт, боздошт намуданд.

 

Ҳангоми азназаргузаронии бордони воситаи нақлиёт 4630 литр маҳсулоти ширии тамғаи «SUT», маводи дорувории «GEMOFOS» бо вазни 9 кг, 500 кг чойи тамғаи «Stop Diabet», инчунин молҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла ҷӯроб, пойафзоли кӯдакона ва либосҳо дар ҳаҷми умумии 5831 кг ошкор гардид.

Арзиши гумрукии молҳои мазкур 224 006 сомонӣ буда, маблағи пардохтҳои гумрукӣ 73 996,82 сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда 10 апрели соли 2026 аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати Махсудов Ҷамшед Акрамович ва дигарон бо аломатҳои моддаи 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Айни замон парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиши пешакӣ ба прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: