Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсат, ҳодисаи ворид намудани маҳсулоти тамоку ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қочоқ дар миқдори махсусан калон ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
.jpg)
Ҳодисаи мазкур санаи 14 июли соли 2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми ворид гардидани 28 бағоҷ бо хатсайри №J2525 аз самти Боку – Душанбе ба қайд гирифта шуд. Тибқи санад, бағоҷҳо барои барасмиятдарории гумрукӣ ба Дидбонгоҳи гумрукии барасмиятдарории молҳо супорида шуданд. Дар натиҷаи азназаргузаронии бағоҷҳо муайян гардид, ки дар дохили онҳо миқдори зиёди маҳсулоти тамоку, аз ҷумла:
.jpg)
• маҳсулоти тамокуи тамғаи “Esse Change”, истеҳсоли Ҷумҳурии Корея – 1900 баста (19000 қуттӣ);
• маҳсулоти тамокуи бедуди (снюс) тамғаи «Velo», истеҳсоли Шоҳигарии Шветсия – 2561 қуттӣ;
• сигори электронии тамғаи “WАKA”, истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин – 398 адад ҷойгир карда шудаанд.
.jpg)
Ин молҳо аз ҷониби шахсони номаълум бе назорати гумрукӣ ғайриқонунӣ тариқи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд.
.jpg)
Тибқи маълумотномаи Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии Раёсат аз 20 августи соли 2025, №108/1232, арзиши умумии молу маҳсулот 188 ҳазору 126 сомонӣ, ва ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ бошад, 266 ҳазору 571 сомонию 5 дирамро ташкил медиҳад.
.jpg)
Мувофиқи хулосаи мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2025, дар борҷомаи тамокуи бедуди тамғаи «Velo» ва сигори электронии “WАKA” нишондодҳои ҳатмӣ - маълумот оид ба зарарнокӣ, тасвирҳои огоҳкунанда ва навиштаҷот бо забони давлатӣ ҷой надоранд. Аз ин рӯ, маҳсулоти мазкур ба талаботи меъёрҳои стандартӣ мутобиқ нестанд.
.jpg)
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, дар асоси далелҳои ҷамъовардаи Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, санаи 11 сентябри соли 2025 аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати шахсони номаълум бо аломатҳои ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 289 қисми 2, 32 қисми 3 ва 294 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ таҳти №19783 оғоз гардидааст.
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


