Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Гурӯҳи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки шаҳрванд Умарҷони Бобо, бе иҷозатномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолият ва воридоти маводи доруворӣ, бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони номаълум, санаи 27 январи соли 2025 аз шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон тавассути тайёра бо хатсайри «Деҳлӣ–Душанбе» дар ду адад бағоҷ 18 номгӯи маводи дорувориро ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати мусофирон, ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ошкор ва пешгирӣ карда шуда, маводи дорувории мусодирашуда бо тартиб додани санад, дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Мувофиқи хулосаҳои ташхисии Хадамоти мазкур таҳти №15/1-119ф аз 31 январи соли 2025 ва №15/2-125ф аз 03 феврали соли 2025, маводи дорувории аз Умарҷони Б. гирифташуда, бо назардошти нишондодҳои тамғагузорӣ, ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ ҷавобгӯ набуда, ҳамчун маводи дорувории ғайристандартӣ эътироф шудаанд.
Арзиши умумии маводи дорувории ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯнабуда 32 718 сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолати мазкур, санаи 06 феврали соли 2025, дар асоси маводҳои аз ҷониби кормандони Гумрук дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҷамъовардашуда, нисбат ба шаҳрванд Умарҷони Бобо ва дигарон бо моддаи 210 иловаи 1 қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тибқи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


