Шаҳрванд Мусаева Мусаллама Абдуҳамидовна, тахминан соати 15:40 бо мақсади сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва харидории молу маҳсулотҳои гуногун, аз қабили либосҳои занона, матоъҳо ва дигар ашёи ниёзи мардум, ба дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и Гумрук дар ноҳияи Мастчоҳ ворид гардид.

Номбурда кӯшиш намудааст, ки маблағҳои асъори хориҷиро ба ҳаҷми 80 000 (ҳаштод ҳазор) доллари ИМА тариқи пинҳонӣ аз минтақаи назорати гумрукӣ гузаронад.
Ҳангоми пурсиши шифоҳӣ, шаҳрванд Мусаева М.А. дар бораи бо худ доштани чунин маблағи пулии асъори хориҷӣ ба кормандони мақомоти гумрук маълумот надодааст.
Дар рафти муоинаи шахсӣ, маблағи мазкур аз қисми пеши зери бағали ӯ дарёфт гардида, мусодира карда шуд. Зимни санҷиш, шаҳрванд Мусаева М.А. натавонист ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи содироти асъори мазкурро пешниҳод намояд.
Вобаста ба ҳолати зикршуда, 31 январи соли 2025 аз ҷониби Гумруки ноҳияи Мастчоҳ – Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, нисбати шаҳрванд Мусаева М.А. бо аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаи 32 қисми 3 ва моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои идомаи таҳқиқот тибқи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ ирсол гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


