Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони гумрук дар ноҳияи Зафаробод ва Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, кӯшиши воридоти ғайриқонунии як воситаи нақлиёти гаронарзиш ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, санаи 19 январи соли 2025, тахминан соати 18:45 дақиқа, воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «LEXUS ES 300H», бо рақами қайди давлатии 0011 FE 01, таҳти идораи шаҳрванд Атамов Муродҷон Абдуазизович, соли таваллудаш 1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз самти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Зафаробод» ворид гардид.
Дар рафти азназаргузаронӣ ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, маълум гардид, ки рақами бордони воситаи нақлиёт (VIN-код: JTHBW1GG4D2029400) шубҳаовар буда, пас аз санҷиши муқоисавӣ бо базаҳои гумрукӣ ва бақайдгирии давлатӣ, дастрас будани он ба ҳудуди ҷумҳурӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ тасдиқ гардид.
Мувофиқи мактуби шуъбаи омор ва таҳлили гумрук, мошини мазкур дар ягон давраи аз 1 январи соли 2010 то 20 январи соли 2025 дар қайди гумрук қарор надоштааст ва расмиёти гумрукии он анҷом наёфтааст. Илова бар ин, тибқи маълумоти расмии ШБДА РВКД Суғд, чунин воситаи нақлиёт дар низоми бақайдгирии расмии БДА низ сабт нашудааст.
Бо дарназардошти ҳолати мазкур, 24 январи соли 2025 нисбати шаҳрванд Атамов М.А. бо аломатҳои моддаи 340 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (истифодаи ҳуҷҷати қалбакӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи ноҳияи Зафаробод барои таҳқиқ ирсол шудааст.
Мақомоти гумрук таъкид менамоянд, ки назорати воридоти воситаҳои нақлиёт ва ҳуҷҷатгузории он пурзӯр карда шуда, нисбати қонуншиканӣ чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


