ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯшиши сохтакории муҳри гумрукӣ аз ҷониби як ронандаи тоҷик ошкор гардид

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, дар якҷоягӣ бо кормандони дидбонгоҳи гумрукии Фотеҳобод, шаҳрванд Эркабоев Наимҷон Шамсуддинович бо гумони сохтакории муҳри расмии гумрук боздошт гардид.

 

Тафтишот муайян намуд, ки Эркабоев Н.Ш., ронандаи воситаи нақлиёти боркаш (тамғаи "Волво") дар моҳи ноябри соли 2024 ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштан, бо роҳҳои ғайриқонунӣ муҳри сохтаи корманди мақомоти гумрукро таҳти рақами СД111 омода намуда, онро ба воситаи сохтакорӣ дастрас кардааст. Ӯ бо мақсади суръат бахшидан ба гузариши бор аз гумрук, муҳри сохтаро ба декларатсияи расмии гумрукӣ гузошта, онро санаи 17 декабри соли 2024 дар дидбонгоҳи гумрукии Фотеҳобод пешниҳод кардааст.

Бар асоси ташхиси филиали Суғдии маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳре, ки аз Эркабоев Н.Ш. гирифта шуд, қалбакӣ буда, бо муҳри аслии корманди гумрук ҳеҷ шабоҳат надорад ва бо риоя накардани талаботи технологӣ таҳия шудааст.

Дар робита ба ин ҳолат, санаи 9 январи соли 2025 нисбати Эркабоев Н.Ш. ва дигар шахсони гумонбар бо аломатҳои моддаи 340 қисми 2, бандҳои "б" ва "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сохтакорӣ, истеҳсол ё фурӯши ҳуҷҷатҳои расмӣ, муҳрҳо, мӯҳрҳо, векселҳо, шаклҳо ва истифодаи онҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои таҳқиқ ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол шудааст.

Мақомоти гумрукӣ таъкид мекунанд, ки мубориза бо қаллобӣ ва сохтакориҳои ҳуҷҷатӣ шадидан пурзӯр гардида, нисбат ба қонуншиканиҳо чораҳои сахт андешида мешаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: