Дар натиҷаи амалиёти гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии "Кулма" - воқеъ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, миқдори махсусан калони маводи психотропӣ, ки гумон меравад метамфетамин бошад, ошкор ва мусодира гардид.
.png)
Мувофиқи маълумоти расмии Раёсати минтақавии гумрук дар ВМКБ, ин мавод тахминан аввали моҳи декабри соли 2024 дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷониби шахсони номаълум омода ва бастабандӣ шудааст. Онҳо маводи мазкурро дар селофанҳои полиэтиленӣ ва латтапораҳо печонида, сипас онро бо хокаи санги мармар ва порасанг омехта намуда, дар 21 халта бо вазни умумии тақрибан 21 тонна борбандӣ кардаанд.
.png)
Бор бо истифода аз воситаи нақлиёти тамғаи ДАФ, рақами қайди давлатии 0606ВR03-03АА0606, таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бегматов Раджаббек Алибаевич тавассути дидбонгоҳи гумрукии "Панҷи поён" қабул гардида, мебоист тавассути гузаргоҳи "Кулма" ба Ҷумҳурии Халқии Чин интиқол дода мешуд.
.png)
Санаҳои 7 ва 8-уми январи соли 2025, зимни муоинаи пурраи гумрукӣ, дар дохили бор - яъне хокаи санги мармар - тақрибан 3500 бастача маводи монанд ба "Метамфетамин" дарёфт шуд.
.png)
Айни ҳол, барои муайян кардани вазни холис, таркиби кимиёвӣ ва арзиши маводи мусодирашуда, намунаҳо ба ташхисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ фиристода шудаанд.
.png)
Бо далели мазкур, нисбат ба ҳолати қочоқи маводи психотропӣ ба миқдори махсусан калон, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
.png)
Мақомоти гумрук ва ҳифзи ҳуқуқ изҳор медоранд, ки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва психотропӣ дар сарҳадҳои кишвар тақвият ёфта, назорат пайваста пурзӯр карда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


