21 феврали соли 2025, кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар якҷоягӣ бо бастаи кории Дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии “Дӯстӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода амалиёти махсуси гумрукӣ гузарониданд. Ин амалиёт бо мақсади санҷиши маълумоти фаврӣ дар бораи интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни амалиёт ҳангоми муоинаи шахсии шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуралиев Шахзод Рустамович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, маблағи калони пулӣ бо асъори хориҷӣ дарёфт гардид. Аз ҷайби қабати дохилии болопӯши зимистонаи ӯ 20 ҳазору 100 доллари ИМА ва 565 ҳазор сӯми Ӯзбекистон ёфт шуд. Ин шахс натавонист ба кормандони гумрук ҳуҷҷатҳои зарурии гумрукӣ ва маълумот дар бораи манбаи пайдоиши ин маблағҳоро пешниҳод кунад.
Таҳқиқоти аввалия нишон доданд, ки ӯ қасд дошт маблағҳоро ба таври пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол диҳад.
Нисбат ба Нуралиев Ш.Р. тибқи моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он ба Прокуратураи шаҳри Турсунзода барои тафтишоти минбаъда ирсол шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон