27 феврали соли 2025, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти гумрукӣ дар Гумруки “Панҷи Поён” аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва кормандони Гумруки “Панҷи-Поён”, воситаи нақлиёти боркаши тамғаи "DAF" рақами қайди давлатиаш 9029МК01-07АА3228, ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонализода Ёқубҷон Турахон, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш тааллук дошт, мавриди боздошт ва азназаргузаронӣ қарор дода шуд.
Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёт, ки 35 тонна картошка бор шуда буд, дар болопуши бордон, ки аз матоъи ғафси обногузар (брезент) дар 2 қабат насб карда шуда буд, 400 баста (блок) ва маҷмуан 4000 қуттича (пачка) тамокуи тамғаи «ESSE CHANGE», ки ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ мехостанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд, дарёфт ва мусодира шуд.
Бо ин амал, Қурбонализода Ёқубҷон Турахон ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуд. Ин модда ба интиқоли мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз он, бо истифодаи махфигоҳҳо ё роҳҳои дигаре, ки ошкор кардани молро душвор месозанд, дахл дорад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, бинобар ҷой доштани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар кирдори Қурбонализода Ё.Т., парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон