ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешгирии қочоқ ва интиқоли тамокуи бидуни тамғаҳои аксизӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ, ки ба пешгирӣ ва ошкор кардани ҳолатҳои интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот дар ҳудуди шаҳри Душанбе равона шуда буданд, аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи "Mercedes-Benz Sprinter", рақами қайди давлатиаш 0808WV10, маҳсулоти тамокуи навъи "Winston" (1990 қуттӣ), "Parliament" (500 қуттӣ), "Тегеа" (400 қуттӣ), "Sobranie" (100 қуттӣ), "Marlboro" (500 қуттӣ) ва "Heets" (3000 қуттӣ) дарёфт ва мусодира карда шуд. Мақсади ворид кардани ин миқдор тамоку, ки бидуни тамғаҳои аксизӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қочоқ ворид шудааст, ошкор гардид.

Зимни гузаронидани санҷиш муайян карда шуд, ки маҳсулоти тамокуи зикршуда ба шаҳрванд Хайридинов С.С., сокини шаҳри Душанбе, тааллуқ дошта, номбурда барои ба даст овардани фоида қасд доштааст, ки ин миқдор маҳсулоти тамокуро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фурӯш барорад.

Мувофиқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нархи як қуттӣ маҳсулоти тамокуи навъи "Winston" 23 сомонӣ, "Parliament" 16 сомонӣ, "Тегеа" 17 сомонӣ, "Marlboro" 15 сомонӣ ва "Heets" 23 сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, арзиши умумии маҳсулоти тамокуи дарёфтшуда 137 070 сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, бинобар ҷой доштани аломатҳои таркиби ҷиноятӣ дар кирдори Хайридинов С.С. ва дигарон, ки дар моддаи 259¹ қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: