28 ноябри соли 2024 кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе зимни санҷиш дар сехи ҶСК "Заводи машруботбарории Душанбе", воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо №106, миқдори зиёди машруботи спиртии шубҳанокро ошкор карданд. Маҳсулоти дарёфтшуда аз ҷумла конякҳои навъи "Золотой павлин", "Белий аист", "Душанбе", "Миндалний", "Кофе на коняке", инчунин арақҳои навъи "Тоҷикистон", "Душанбе", "Идона", "Бедона" ва дигар нӯшокиҳои спиртӣ дар зарфҳои бе тамғаи аксизӣ ва бе нишони стандартӣ нигоҳ дошта мешуданд.
Тафтишот муайян кард, ки Азимов Аҳтам Мавлонович, соли таваллудаш 1979, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ба истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулоти ҷавобгӯй набуда ба талаботи бехатарии истеъмолкунандагон машғул будааст. Ӯ бо истифода аз тамғаҳои машҳур ва беэътиноӣ ба қоидаҳои стандартӣ, машруботи ғайристандартиро истеҳсол ва барои фурӯш омода кардааст.
Тибқи хулосаи Агентии "Тоҷикстандарт", маҳсулоти мазкур ба талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон 019-2021 (Бехатарии маҳсулоти машрубот) ва 010-2016 (Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ) ҷавобгӯ нестанд. Ҳамчунин, қувватнокии ин машрубот аз меъёрҳои муқарраршуда фарқ мекунад.
Маблағи умумии маҳсулоти ғайристандартӣ 1519 сомониро ташкил дода, 269 адад зарфҳои шишагии 0,2, 0,5 ва 0,7 литраро дар бар мегирад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда санаи 03 январи соли 2025 аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Азимов Аҳтам Мавлонович бо моддаҳои 209 қисми 1 ва 32 қисми 3, 294 қисми 2, банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои таъмин намудани тафтишоти пешакӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон