ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии маводҳои пиротехникӣ аз ҷониби кормандони РМГ дар шаҳри Душанбе

12 декабри соли 2024, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии маводҳои пиротехникӣ, аз чониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе як амалиёти муваффақро анҷом доданд.

 

Ҳангоми ин амалиёт аз шаҳрванд Каримов Нуриддин Сироҷиддинович, соли таваллудаш 2005, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, 15 баста (блок) маводҳои тарфгарӣ-пиротехникӣ бо навиштаҷоти "Трения с Новым годом" истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Чин ошкор ва мусодира гардид.

Дар дохили ҳар як баста 10 адад қуттича мавҷуд буда, ҷамъ ба миқдори 7 ҳазору 50 дона маводи пиротехникиро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотномаи ташхиси криминалистии судии ШТК РВКД дар шаҳри Душанбе, маводи мазкур ба гурӯҳи маводҳои тарфгарӣ мансуб буда, коршоям ва барои истифода омода мебошанд. Маводи мазкур истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Чин буда, хатарнок арзёбӣ мешавад.

Вобаста ба ҳолати мазкур бо моддаи 199 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Каримов Нуриддин Сироҷиддинович ва Раҷабалӣ ном шахсӣ номаълум аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои таъмини тафтиши пешакӣ ба РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

Ин амалиёт нишон медиҳад, ки мақомоти гумрук дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани муомилоти ғайриқонунии маводҳои хатарнок, аз ҷумла маводҳои пиротехникӣ, чораҳои зарурӣ андешида, барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва коҳиши хавфи ҳодисаҳои нохуш талош меварзанд.

Танзим ва назорати маводҳои пиротехникӣ на танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ, балки вазифаи шаҳрвандон низ мебошад. Ҳамкории зичи ҷомеа бо мақомоти дахлдор метавонад барои пешгирии паҳншавии чунин маводҳо нақши муҳим бозад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: