ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешгирӣ ва боздошти навбати воридоти маводи пиротехникӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ва муомилоти маводи тарфгарӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ манъ аст, вале то ҳол шахсоне пайдо мешаванд, ки ба ворид намудани ин маҳсулоти зарарнок кӯшишҳо менамоянд.

Ин навбат воридоти маводи пиротехникӣ ба миқдори калон дар се ҳолат аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пешгирӣ ва боздошт карда шуд.

Дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 560 ҳазор дона маводи тарфгарӣ ошкору пешгирӣ карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди мавзеъи Галамайдони ноҳияи Б.Ғафуров, дар роҳи автомобилгарди Бустон-Чанноқ воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи “Мерсадес Бенс-250” аломати қайди давлатиаш Н86-52СО02 таҳти идораи ронанда – шаҳрванд Усмонов Валиҷон Расулович соли таваллуди 1994, зода ва истиқоматкунанда деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Хурмӣ шаҳри Панҷакент боздошт карда шуд.

Зимни азназаргузаронӣ муайян гардид, ки дар дохили нақлиёт дар як қуттӣ маводи тарфгарии навъи “Трения”, истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой мавҷуд аст.

Миқдори маводи тарфгарӣ дар 48 баста дар дохили ҳар як баста 10 адади қуттича ва дар ҳар яки онҳо 45 ғилофак – капсула ҷойгир ва ҷамъ ба миқдори 21 ҳазору 600 адад маводи тарфгарии “Трения” дарёфт гардид.

Санҷиш маълум намуд, ки ин миқдор маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Худойназаров Синдорбек Зокирҷонович соли таваллуди 2005, истиқоматкунандаи деҳаи Чуботи ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент тааллуқ дорад.

Ин миқдори маҳсулоти пиротехникӣ, бо маслиҳати пешакӣ аз Ҷонибеек ном шахси дигар дар ҳудуди шаҳри Бустон харидорӣ шуда, бояд барои фуруш ба шаҳри Панҷакент интиқол дода мешуд.

Ҳамин тариқ зимни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон дар 4 қуттӣ маҳсулоти тарфгарӣ дарёфт шуда, дар ҷараёни санҷиш ошкор гардид, ки маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Фозилов Ҷонибек Одилҷонович сокини шаҳри Панҷакент тааллуқ дорад.

Зимни санҷиши кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор карда шуд, ки дар 4 қуттӣ 175 баста ва 78 ҳазору 150 дона маводи таркандаи пиротехникӣ мавҷуд аст.

Дар ҳолати сеюм вориду интиқоли ғайриқонунии маводи пиротехникӣ ба миқдори боз ҳам бештар боздошт гардидааст.

Маҳмудов Бахтиёр Муроҷонович соли таваллуди 1993, сокини шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи кӯчаи Бедил хонаи 37/3 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо номи Бек даст ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ задааст.

Шахси номбурда бо мақсади харидории маводи тарфгарӣ дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон шиносоӣ намуда, оид ба харидорӣ намудаи маводи тарфгарӣ дар 20 адад қуттии калонҳаҷм ва ворид намудани онҳо бо истифода аз роҳҳои ғайрирасмии наздисарҳадии байни ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон маслиҳати пешакӣ менамоянд.

Шаби 8-уми декабр Маҳмудов Бахтиёр тавассути нақлиёти тамғаи “Мерсадес-Спринтер”, рақами қайди давлатиаш 21-90 RE 02 ба канори роҳи нақлиётгарди Ғафуров-Конибодом рӯ ба рӯи деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳозир шуда, тариқи шабакаи иҷтимоии ВАТСАПП ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон занг зада, таъкид мекунад, ки ба ҷои маслиҳат намудаашон ҳозир шавад.

Ҳамин тариқ соатҳои 01-30 дақиқаи шабонаи 9-уми декабри соли 2024 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо восиатаи нақлиёти Спринтер бе аломати қайди давлатӣ ба назди ӯ ҳозир шуда, бо дастрас кардани маводи тарфгарӣ ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат менамояд.

Санаи 9-уми декабри соли 2024, тақрибан соати 02-30 дақиқаи шаб ҳангоми гузаронида чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Б.Ғафуров воситаи нақлиёти Мерсадес Спринтер рақами қайди давлатиаш 21-90 РЕ 02 таҳти идораи ронанда шаҳрванд Маҳмудов Бахтиёр боздошт карда мешавад.

Зимни азназаргузаронӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёти боздоштгардида, дар 20 қутӣ ба миқдори умумии 441 ҳазору 600 дона маводи тарфгарии намуди “Трения” ва “Иргина”-и истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ошкор карда шуд.

Ҳамин тариқ дар асоси моддаи 199, иловаи 1 , қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Худойназаров Сирдорбек, Фозилов Ҷонибек ва Маҳмудов Бахтиёр ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шудааст.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: