ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мусодираи 21 600 дона маводи тарфгарӣ дар вилояти Cуғд

29 ноябри соли 2024 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар назди НФС “Кабир 77”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Мерседес Бенс 250», рақами қайди давлатиаш H 86 52 C 02 таҳти идораи ронанда, шаҳрванд Усмонов Валиҷон боздошт карда шуд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 1 қуттии картонӣ маводи тарфгарии навъи “Трения” истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар дохили он 48 баста (блок) ва дар дохили ҳар як баста 10 адади қутича ва ҳар як қуттича тахминан 45 адади ғилофак (капсула) ҷамъ ба миқдори 21 600 адад мавҷуд мебошад, ошкор ва мусодира карда шуд.

Маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Худойназаров Синдорбек Зокирчонович, соли таваллудаш 2005, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент тааллуқ дошта, номбурда моли мазкурро бо маслиҳати пешакӣ аз як шиносаш бо номи Ҷонибек дар ҳудуди шаҳри Бустон харидорӣ намуда, мақсад доштааст, ки онҳоро барои фурӯш ба шаҳри Панҷакент интиқол диҳад.

Мувофиқи маълумотномаи экспертизаи ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 30 ноябри соли 2024, №1647 ғилофакҳои мазкур ба гурӯҳи маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дохил шуда, бо номгӯи “Трения” мансубият дошта, барои истифодабарӣ аз рӯи таъиноташон дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: