14 апрели соли 2024 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани воридоти ғайриқонунии молу маҳсулот дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Прадо” рақами қайди давлатиаш TJ0990OU01 ба миқдори 7000 қуттича маҳсулоти тамокуи навъи "Milano" ва 1180 қуттича маҳсулоти тамокуи навъи "ESSE" дарёфт ва мусодира гардид.
Ин миқдор тамоку тамғаҳои аксизӣ надошта, хилофи тартиби муқарраргардида ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Зимни гузарониданн саиҷиш муайян карда шуд, ки маҳсулотҳои тамокуи зикршуда ба шаҳрвандон Хайруллоев Акбарҷон Акрамович, сокини ноҳияи Варзоб, Саматов Шуҳратҷон Муродуллоевич сокини шаҳри Душанбе, Қурбонов Сиёвуш Абдувакилович, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба даст овардани фойда мехостанд, ин миқдор тамокуро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фуруш бароранд.
Тибқи мактубҳои ҶДММ “Пардис Групп” ва ҶДММ “Сеганҷ”, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дистрибютери расмии ширкатҳои Кореягии “KT&G” ва АМА “Gulbahar Tobacco Internetional” мебошанд, тамғаи молии маҳсулотҳои тамокуи навъи “Milano” ва “ESSE”-po ба реестри гумрукии моликияти зеҳнии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд, нархи 1 қуттича маҳсулотҳои тамокуи навъи “Milano” 12 сомонӣ ва “ESSE” 20 сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, маҳсулотҳои тамокуӣ аз воситаи нақлиёти дарёфт гардида, 8 180 қуттича ва маблағи умумии 107 600 сомониро ташкил медиҳанд.
Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералӣ нисбати шаҳрвандони болозикр ва дигарон ба аломатҳои моддаи 2591 қисми 2 банди “а” Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон