ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти гушти мурғ бо вазни 4 187 кг

26 апрели соли 2024 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва гурӯҳи мубориза бар зидди хуқуқвайронкуниҳои гумрукии Гумрук дар шаҳри Истаравшани Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Чанок-Душанбе, вокеъ дар километри 225-и қудуди шаҳри Истаравшан, воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес Бенc 906КА», рақами қайди давлатиаш 31-99 PV 02 таҳти идораи ронанда, шаҳрванд Икромов Аҳмадҷон Муинҷонович соли таваллудаш 1967, бо гумони интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулоти пастсифат боздошт карда шуд.

 

Ҳангоми азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки дар дохили бордони воситаи нақлиёт маҳсулоти ғаладонагии навъи «сабус» дар халтаҳои ғунҷоишашон 20 кг ба миқдори 73 адад, ҷамъ бо вазни 1 460 кг гузошта шудаанд.

Зимни тафтиш ва мушоҳида дар зери халтаҳои «Сабус» бо тариқи пинҳонкорона 269 қуттӣ гушти мурғ (куринные ножки)-и истеҳсоли Федератсияи Россия бо вазни 3443 кг ва 46 бастаи полиэтилении гушти яхкардашудаи қиммаи мурғ (фарш) истеҳсоли Ҷумҳурии Белорус бо вазни 690 кг, ки дар маҷмуъ 4 187 кг-ро ташкил медиҳанд, муайян карда шуд.

Санҷиши пешакӣ муайян намуд, ки моли мазкур ба шаҳрванд Икромов Муинҷон Аҳмадчонович соли таваллудаш 1989, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, тааллуқ дошта, доир ба моли ошкоргардида номбурда ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридотӣ надошта, моли ошкоргардида бо вайрон намудани талаботи қонунгузории гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд санҷиши пешакӣ идома дорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: