30 марти соли 2024, ҳангоми гузароннданн санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд воситан нақлиёти боркашони тамғаи “Мерседес Бенс Спринтер”, рақами қайди давлатиаш 75-21 НО 02 таҳти идораи ронанда Бобоҷонов Ғафурбой Шодибоевич, боздошт карда шуда, аз дохили бордони воситаи нақлиёт 1500 қуттичаи маҳсулоти тамокуи намуди "ESSE CHANGE"-и истеҳсоли Ҷумҳурии Корея, дарёфт гардид.
Моли мазкур ба шаҳрванд Раҳматов Ҷӯмабой Ҷумаевич тааллуқ дошта, номбурда онро санаи 29 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз шахси номаълум, ки ягон ҳуҷҷати расмӣ надорад, харидори намудааст.
Тибқи маълумотномаи ҶДММ “Аудит нархгузор”-и вилояти Суғд аз 1 апрели соли 2024 арзиши яклухти 1 адад қуттичаи маҳсулоти тамокуи навъи “ESSE CHANGE”-н истеҳсоли Ҷумҳурии Корея аз 20 то 25 сомонӣ буда, дар маҷмуъ арзиши умумии 1500 қуттӣ аз 30 ҳазор то 37 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, шаҳрвандон Раҳматов Ҷ. ва Бобоҷонов Ғ. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шударо содир намудаанд, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои харидан, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ, ихтиёрдории мол, мусоидат намудан ба фуруши мол ё воситаи нақлиёте, ки бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз чунин назорат ё бо истифодаи ҳуҷҷатҳо ё бо воситаҳои ҳаммонандсозии қалбакӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, муқаррар менамояд.
Дар асоси гуфтаҳои боло, нисбати шаҳрвандон Раҳматов Ҷ. ва Бобоҷонов Ғ. бо дастрасии моддаи 231 ва мутобиқи моддаи 597-н Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, парвандаи мазкур барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардидааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон