Санаи 20 марти соли 2024, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, воситаи нақлиёти тамғаи "Мерседес-Бенс Спринтер", аломати қайди давлатиаш 28-84 МК/02 таҳти идораи ронанда, шаҳрванд Бурхонов Мубинҷон Мухторҷонович дар ҳудуди маҳаллаи 19 шаҳри Хуҷанд боздошт гардид.
Зимни азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки дар дохили бордони воситаи нақлиёти боздоштгардида маводҳои дорувории гуногунтамғаи истеҳсоли Федератсияи Русия ба миқдори 1326 адад қуттиҳон гуногунҳаҷм бо номгӯи "Кларитромицин CP" 500 мг-198 қуттӣ, бо вазни 374,3 кг, "Каптоприл 50 мг"-192 қуттӣ, бо вазни 277,92 кг, "Каптоприл 25 мг"-413 қуттӣ, бо вазни 1040 кг, "Протозидим" (цефтазидим) 1.0 гр-45 қуттӣ, бо вазни 233,1кг, "Метформин" 850 мг-38 адад қуттӣ, бо вазни 204,44 кг, "Ципрофлоксацин" 100 мл-440 қуттӣ, бо вазни 580,8 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки маводи доруворӣ ба шаҳрванд Зокиров Манучеҳр Мухторҷонович тааллуқ дошта, оиди барасмияти гумрукӣ даровардан ягон ҳуҷҷати расмӣ, аз ҷумла декларатсияи бори гумрукӣ ва сертификати мутобиқати сифатро надошта, бо мақсади пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, маводи болозикрро аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи қочоқ ворид намояд.
Мувофиқи хулосаи сарраёсати Хадамоти назоратн давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд аз 28 марти солн 2024, №742 дар натиҷаи таҳлилу ташхис маълум гардид, ки маводи дорувориҳо ба талаботҳои меъёрҳои стандарти ҷавобгӯй буда, вале дорои сертификати мутобиқати сифат набуда, арзиши умумии маводи дорувориҳои боздоштгардида, аз 654 089 сомонӣ то 732 422 сомониро ташкил медиҳанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур дар асосн маводи аз ҷониби Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҷамъовардашуда, санаи 29 марти соли 2024 нисбат ба шаҳрванд Зокиров Манучеҳр Мухторҷонович ва дигарон бо аломатҳои моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратурам вилояти Суғд ирсол карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон