ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ ба миқдори умумии 849 600 дона дар вилояти Суғд

8 декабри соли 2023 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд–Душанбе, дар километри 260-уми ҳудуди ноҳияи Спитамен, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс Актрос», рақами қайди давлатиаш 0047 ТХ 01 бо ядакаш тамғаи «Когел», рақами қайди давлатиаш 0047 АВ 01 таҳти идораи ронанда, шаҳрванд Тилоев Хайриддин Нусратулоевич, соли таваллудаш 1983, боздошт карда шуда, мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шуд.

 

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 40 қуттии картонӣ, ки дар дохилашон ғилофакҳои (капсула) тамғаи «Трения», монанд ба маводҳои тарфгарӣ мавҷуд буда, ёфта гирифта шуд.

Мувофиқи маълумотномаи экспертизаи ташхиси таркишӣ-техникии ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маводҳои ба таҳқиқот пешниҳодшуда ба миқдори умумии 849 600 дона ба гурӯҳи маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дохил шуда, бо номгӯи “ТРЕНИЯ УP002С” (Иргина) ва “ТРЕНИЯ Х-201” мансубият дошта, барои истифодабарӣ аз рӯи таъиноташон дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Набиев Х. А. бо моддаи 199 прим 1 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд фиристонида шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: