ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешгирии маводи нашъаовари навъи «Героин» бо вазни 71 кг 110 грамм

Санаи 21 ноябри соли 2023, тахминан соати 09:30 дақиқаи субҳ, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ва корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ ва кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес Бенс Актрос-184», рақами қайди давлатиаш У180 ЕН 797 бо ядаки тамғаи «Шмитс SKO 24», рақами қайди давлатиаш ТА 3610/77, тааллуқ ба Федератсияи Русия таҳти идораи ронанда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бӯриев Меҳровар Ҳокимович соли таваллудаш 15 майи соли 1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, бо гумони интиқоли ғайриконунии воситаҳои нашъадор боздошт гардид.

ЛИНКИ НАВОРИ ФАВРӢ   

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз пинҳонгоҳи махсуси дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур, 65 (шасту панҷ) бастаи полиэтилении рангаш сиёҳ, ки дар дохили он маводҳои хокамонанди рангашон сафед бо бӯи махсусдошта ҷойгир буд, ёфта гирифта шуд.

Мувофиқи маълумотномаи мутахассис - криминалисти шуъбаи ташхисӣ - криминалистикии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 21 ноябри соли 2023, маводи мусодирашуда, маводи нашъадори навъи «героин» буда, вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд нисбат ба шаҳрванд Бӯриев Меҳровар Ҳокимович ва дигарон бо аломатҳои моддаҳои 200 қисми 4 банди "д" ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз шуда, аз рўи тобеияти тафтишот ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шудааст. 

 

 

ЛИНКИ НАВОРИ ФАВРӢ  

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: