Print

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

Аз Муаллиф Қисмат: Нишастҳои матбуотӣ Hits: 1016

30-уми июли соли равон тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовини сардори Хадамоти гумрук ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

 

Дар нишаст 38 намояндаи расонаҳои иттилоотии дохиливу хориҷии кишвар, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Тоҷикистон», радиоҳои «Ховар», «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози», «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия плюс», «Фараж», оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабаргузориҳои «Ховар», «Авесто», «Озодӣ», «Спутник», «Мир», «Агентии Рейтер», «РИА Новости» ва намояндаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Сараввал Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед зимни сухани ифтитоҳӣ иттилоъ дод, ки вобаста ба самтҳои муҳими соҳа ва фаъолияти хадамот дар шашмоҳаи аввали соли 2020 Варақаи иттилоотӣ таҳия шуда, се рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ расман дар сомонаи расмии Хадамоти гумрук https://gumruk.tj бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ интишор гардида, дар рафти нишаст нусхаи чопии он дастраси иштирокдорони аҳли нишаст гардонида шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби рӯзноманигорон як қатор саволҳо вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи авали соли 2020 пешниҳод гардид, ки аз ҷониби Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Х.А. посухҳои мушаххас гардонида шуд.