Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовинони сардори Хадамоти гумрук ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии хадамоти гумрук бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар рафти нишаст намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ ба саволҳои худ оид ба фаъолияти ҳамаҷонибаи Хадамот ҷавобҳои пурра гирифтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон