ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар нимсолаи якуми соли 2026

21 июл дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Дар нишаст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Абдураҳмон Каримзода, Муовини якуми сардори Хадамот генерал-майори хадамоти гумрук Азим Ҳайдар Турсунзода, Муовини сардори Хадамот генерал-майори хадамоти гумрук Иззатулло Зариф Ҳурматзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти гумрук нишасти матбуотиро бидуни қироати гузориши муфассал оғоз намуда, мустақиман ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод. Ба намояндагони воситаҳои ахбори омма инчунин резаахбор оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар нимсолаи якуми соли 2026 дар ҳаҷми чор саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардид.

Тавре зимни нишаст иттилоъ дода шуд, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти гумрук, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидаанд, тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи 5 миллиарду 224,3 миллион доллар молу маҳсулот ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1 миллиарду 403,1 миллион доллар ё 36,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми содирот бошад, ба 1 миллиарду 579 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 635,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Гардиши умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 6 миллиарду 803,3 миллион доллар-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2 миллиард доллар зиёд гардидааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 76,8 фоиз ва содирот 23,2 фоиз мебошад.

Дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба хориҷи мамлакат ба маблағи 451,7 миллион доллар маъданҳо ва консентратҳо, 144,2 миллион доллар сурма ва маҳсулоти он, 116,8 миллион доллар алюминийи коркарднашуда, 73,5 миллион доллар нахи пахта, 39,2 миллион доллар маҳсулоти меваю сабзавот, 20,8 миллион доллар ресмони пахтагӣ ва 4,6 миллион доллар семент содирот гардидааст.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, рӯзномаву маҷаллаҳо, оҷонсиҳои иттилоотӣ, радиоҳо, сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои телевизионии мамлакат иштирок намуда, доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти мақомоти гумрук саволҳо пешниҳод карданд ва ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар анҷоми нишаст Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Абдураҳмон Каримзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мақомоти гумрук минбаъд низ сиёсати ҳамкории боз ва шаффофро бо воситаҳои ахбори омма идома дода, ба муроҷиатҳои онҳо сари вақт расидагӣ хоҳад кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: