12 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишаст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар, Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд. Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон нишасти матбуотиро бидуни қироати резаахбор аз суолу ҷавоб оғоз бахшид. Ба суолҳои сершумори рӯзноманигорон посухҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуд.
Ба рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025, резаахбор дар ҳаҷми 4 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур гардид.
Дар маҷмуъ, намояндагони 39 расонаи дохиливу хориҷии кишвар, аз ҷумла «Иттифоқи журналистони Тоҷикистон», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Истиқлол», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия-Плюс», «Минбари халқ», оҷонсиҳои иттилоотии «Ховар», «Авесто», «Ҳамсадо», «ИТАР-ТАСС», «Спутник», инчунин радиоҳои «Тоҷикистон», «Ховар», «Ҳамсадо», «Овози тоҷик», «Садои Душанбе», «Радиои Озодӣ», сомонаҳои «Азия-Плюс», «Ховар» ва sadoidushanbe.tj иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти мақомоти гумрук ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотии баргузоршуда хабарнигорони барномаҳои иттилоотии телевизионҳои «Ҷаҳоннамо», «Мир», «Синамо», «Сафина» ва «Душанбе HD» иштирок намуданд.
Хуршед Каримзода ҷиҳати ҳамкории судманд ва пешниҳодҳои муфид аз намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки мақомоти гумрук омода аст, ки ҳамеша ба дархостҳои намояндагони ВАО сари вақт расидагӣ намояд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


