ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2025

7 августи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид.

Дар нишаст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовинони сардор – Шерализода Хуршед ва Ҳурматзода Иззатулло Зариф, Ҷумъазода Маҳмуд – сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии мақомоти гумрук, инчунин намояндагони беш аз 35 васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Сардори Хадамот, Каримзода Хуршед нишастро бидуни қироати ахбор оғоз намуда, дар ҷараёни нишаст ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти мақомоти гумрук посухҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуданд.

Ба рӯзноманигорон резаахбор оид ба фаъолияти мақомоти гумрук дар шаш моҳи аввали соли 2025, дар ҳаҷми 4 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардид. Намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Истиқлол”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Минбари халқ”, “Азия-Плюс”, “Дунё”, “Народная газета”, оҷонсиҳои иттилоотии “Ховар”, “Авесто”, “Ҳамсадо”, “Итар-Тасс”, “Спутник”, радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе”, маҷаллаҳои “Набзи Душанбе”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт”, сомонаҳои “farazh.tj”, “khoma.tj” ва “sadoidushanbe.tj” дар он иштирок намуда, оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти гумрук иттилооти муфассал дарёфт карданд.

Ҳамчунин, хабарнигорони шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Душанбе HD” ва “Мир” дар нишасти матбуотӣ иштирок намуданд.

Дар интиҳои нишаст Каримзода Хуршед ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории пурсамар ва пешниҳодҳои муфид изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мақомоти гумрук ҳамеша омодаанд ба дархостҳои рӯзноманигорон сари вақт ва ҷавобгӯ расанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: