ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук оид ба фаъолияти мақомоти гумрук дар соли 2024

12 феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишаст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон нишасти матбуотиро бидуни қироати резаахбор бо суолу ҷавоб оғоз бахшид. Ба суолҳои сершумори рӯзноманигорон посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.

Ба рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 резаахбор бо ҳаҷми 4 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардид.

Дар маҷмӯъ, намояндагони 34 расонаи дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз ҷумла рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Азия плюс”, “Минбари халқ”, “Халқ овозӣ”, “Народная газета”, оҷонсиҳои иттилоотии “Ховар”, “Итар Тасс”, “Спутник”, инчунин радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озодӣ”, “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе”, маҷаллаҳои “Бонувони Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт” ва сомонаҳои voice.tj, sadoidushanbe.tj, your.tj ва pressa.tj иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти мақомоти гумрук ба саволҳои худ посухҳои дақиқ гирифтанд.

Инчунин, дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони барномаҳои иттилоотии телевизионҳои “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “Мир 24”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “ТВ Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Хуршед Каримзода ҷиҳати ҳамкории судманд ва пешниҳодҳои муфид аз намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки мақомоти гумрук ҳамеша омода аст ба дархостҳои намояндагони ВАО сари вақт расидагӣ намояд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: