ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук оид ба фаъолияти мақомоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2024

7 августи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишаст Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар, Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед, Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф, мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ - Қосимзода Иноятулло, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар нишасти матбуотиро бидуни қироати резаахбор аз суолу ҷавоб оғоз бахшид. Ба суолҳои сершумори рӯзноманигорон посухҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуд.

Ба рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024, резаахбор дар ҳаҷми 4 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур гардид.

Дар маҷмуъ, намояндагони 46 расонаи дохиливу хориҷии кишвар, аз ҷумла рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Халк овози”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Азия плюс”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Мароми пойтахт”, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабар-гузориҳои “Ховар”, “Пайк”, “Авеста”, инчунин радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озодӣ”, “Садои Душанбе”, “Фарҳанг”, сомонаҳои “АМИТ Ховар”, “Фараж” , “Бахши дарӣ”, “Спутник”, “Спутник” ва “Овози тоҷик” ва маҷаллаҳои “Илм ва ҳаёт” ва “Бонувони Тоҷикистон” иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти мақомоти гумрук ба саволҳои худ посухи дақиқ гирифтанд.

Инчунин, дар нишасти матбуотии доиргардида хабарнигорони барномаҳои иттилоотии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, “Сафина” ва “Душанбе HD”, иштирок намуданд.

Турсунзода Азим Ҳайдар ҷиҳати ҳамкории судманд ва пешниҳодҳои муфид аз намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки мақомоти гумрук омода аст, ки ҳамеша ба дархостҳои намояндагони ВАО сари вақт расидагӣ намояд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: