ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук оид ба фаъолияти мақомоти гумрук дар соли 2023

14 феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишаст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар, мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ - Қосимзода Иноятулло, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон нишасти матбуотиро бидуни қироати резаахбор аз суолу ҷавоб оғоз бахшид. Ба суолҳои сершумори рӯзноманигорон посухҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуд.

Ба рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, резаахбор дар ҳаҷми 5 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур гардид.

Дар маҷмуъ, намояндагони 32 расонаи дохиливу хориҷии кишвар, аз ҷумла рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Азия плюс”, “Дайджест-пресс”, “Истиқлол”, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабар-гузориҳои “Ховар”, “Итар Тасс”, “Авеста”, инчунин радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озодӣ”, “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” ва сомонаҳои “Фараж” иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти мақомоти гумрук ба саволҳои худ посухи дақиқ гирифтанд.

Инчунин, дар нишасти матбуотии доиргардида хабарнигорони барномаҳои иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Мир 24», «Душанбе HD», «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Синамо» иштирок намуданд.

Хуршед Каримзода ҷиҳати ҳамкории судманд ва пешниҳодҳои муфид аз намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки мақомоти гумрук омода аст, ки ҳамеша ба дархостҳои намояндагони ВАО сари вақт расидагӣ намояд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: