11 августи соли 2023 дар маљлисгоњи Дастгоњи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишаст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Худоёрзода Худоёр, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон нишасти матбуотиро бидуни қироати резаахбор аз суолу ҷавоб оғоз бахшид. Ба суолҳои сершумори рӯзноманигорон посухњои мушаххасу қонеъкунанда дода шуд.
Ба рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023, резаахбор дар ҳаҷми 4 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур гардид.
Дар маҷмуъ, намояндагони 30 расонаи дохиливу хориҷии кишвар, аз ҷумла рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Азия плюс”, “Минбари халқ”, “Халқ овозӣ”, “Боҷу хироҷ”, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабаргузориҳои “Ховар”, “Итар Тасс”, инчунин радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озодӣ”, “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” ва “Паёми Душанбе” - сомонаи “Your.tj” иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти мақомоти гумрук ба саволҳои худ посухи дақиқ гирифтанд.
Хуршед Каримзода ҷиҳати ҳамкории судманд ва пешниҳодҳои муфид аз намояндагони васоити ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуда, изњор доштанд, ки маќомоти гумрук омода аст, ки њамеша ба дархостњои намояндагони ВАО сари ваќт расидагї намояд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон