ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук оид ба фаъолияти мақомоти гумрук дар соли 2022

15 феврали соли 2023 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишаст муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини сардор, генерал – майори хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед, муовини сардор, генерал – майори хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар нишасти матбуотиро бидуни қироати резаахбор аз суолу ҷавоб оғоз бахшид. Ба суолҳои сершумори рӯзноманигорон посухҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуд.

Ба рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022, резаахбор дар ҳаҷми 4 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур гардид.

Дар маҷмӯъ, намояндагони 19 расонаи дохиливу хориҷии кишвар, аз қабили хабарнигори барномаҳои иттилоотии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, “Мир”, рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Азия плюс”, “Мароми пойтахт”, “Минбари халқ”, “Боҷу хироҷ”, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабаргузориҳои “Ховар”, “Спутник”, инчунин радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озодӣ” ва “radiotoj.tj” - сомонаи “Радиои Тоҷикистон” дар нишаст иштирок намуданд.

Азим Турсунзода ҷиҳати ҳамкории судманд ва пешниҳодҳои муфид аз намояндагони васоити ахбори омма миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки мақомоти гумрук омода аст, ки ҳамеша ба дархостҳои намояндагони ВАО сари вақт расидагӣ намояд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: