ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ доир шуд

13 июли соли 2022 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2022 доир гардид.

 

Дар нишасти мазкур Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, Муовини якуми сардор, генерал – майори хадамоти гумрук – Турсунзода Азим Ҳайдар, Муовини сардор, генерал – майори хадамоти гумрук – Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. 

Нишастро Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода оғоз бахшида, аз бурду бохти соҳа ва муваффақиятҳои он ба рӯзноманигорон маълумот пешкаш намуд. Инчунин, қабл аз оғози ҷамъомад ба рӯзноманигорон варақаи иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти ниҳод бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ пешкаш гардид.

 

Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон як қатор саволҳо дар робита ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2022 манзур гардид, ки аз ҷониби Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Х.А. ба суолҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

 

Дар маҷмӯъ, намояндагони 24 расонаи дохиливу хориҷии кишвар, аз қабили радиоҳои «Ховар», «Радиои Тоҷикистон», «Радиои Озодӣ», «Радиои овози тоҷик», «Радиои садои Душанбе», нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Паёми Душанбе», «Илм ва ҳаёт», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Халқ овозӣ», «Азия плюс», «Пайк», оҷонсиҳои иттилоотӣ «Ховар», «Авесто» ва маҷаллаи «Тоҷикистон», хабарнигори барномаҳои иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо», «Сафина» ва «Душанбе HD» низ дар нишасти мазкур иштирок доштанд.

 

Ҳар кадоме аз онҳо тариқи расонаҳои худ рафти баргузории нишасти матбуотиро инъикос намуда, оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Хадамоти гумрук хабару гузориш омода намуда, дастраси омма гардониданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: