ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук баргузор шуд

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомоти гумрук дар соли 2021 доир гардид.

Дар нишаст сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, муовини якуми сардор, генерал – майори хадамоти гумрук – Турсунзода Азим Ҳайдар, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ширкат варзиданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода нишасти матбуотиро бидуни қироати резаахбор аз суолу ҷавоб оғоз бахшид. Ба суолҳои сершумори рӯзноманигорон посухҳои мушаххасу қонеъкунанда дода шуд.

Ба рӯзноманигорон вобаста ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021, резаахбор дар ҳаҷми 3 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ манзур гардид.

Дар маҷмӯъ, намояндагони 21 расонаи дохиливу хориҷии кишвар, аз қабили хабарнигори барномаҳои иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо», рӯзномаиҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», “Дайджест-пресс”, “Халқ овози”, “Садои мардум”, “Азия плюс”, “Мароми пойтахт”, маҷаллаҳои “Бонувони Тоҷикистон”, “Инсон ва табиат”, инчунин радиоиҳои “Садои Душанбе”, “Радиои Тоҷикистон”, “Радиои бурунмарзии Овози тоҷик”- (бахши ӯзбекӣ) ва сомонаи «Азия плюс” дар нишасти мазкур иштирок карданд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ҷиҳати ҳамкории судманд ва пешниҳодҳои муфид аз намояндагони Васоити ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки мақомоти гумрук омода аст, ки ҳамеша ба дархостҳои намояндагони ВАО сари вақт расидагӣ намояд.

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: