ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Хадамоти гумрук

Имрӯз, 30 – июл дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомоти гумрук дар нимсолаи аввали соли 2021 доир гардид.

 

Дар нишасти мазкур сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, муовини якуми сардор, генерал – майори хадамоти гумрук – Турсунзода Азим Ҳайдар, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

 

Нишастро сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода оғоз бахшида, аз бурду бохти соҳа ва муваффақиятҳои он ба рӯзноманигорон маълумот пешкаш намуд. Инчунин, қабл аз оғози ҷамъомад ба рӯзноманигорон варақаи иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти ниҳод бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ пешкаш гардид.

 

Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон як қатор саволҳо дар робита ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар шаш моҳи соли 2021 манзур гардид, ки аз ҷониби сардори Хадамот ба суолҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

 

Дар маҷмӯъ, намояндагони 29 расонаи дохиливу хориҷии кишвар, аз қабили радиоҳои «Ховар», «Радиои Тоҷикистон», «Радиои Озодӣ», «Радиои Бурунмарзӣ», «Радиои Овози тоҷик», «radioonline.tj» - сомонаи онлайнии «Радиои Тоҷикистон», нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия плюс», «Боҷу Хироҷ», «Пайк», «Паёми Душанбе», оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабаргузориҳои «Ховар», «Спутник», «Россия сегодня», «Авесто», Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, маҷаллаи «Тоҷикистон» ва инчунин, хабарнигори барномаҳои иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» низ дар нишасти мазкур иштирок доштанд.

 

Ҳар кадоме аз онҳо тариқи расонаҳои худ рафти баргузории нишасти матбуотиро инъикос намуда, оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Хадамоти гумрук хабару гузориш омода намуда, дастраси омма гардониданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: