ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САРАЗМ-5500

«АСРОРИ САРАЗМ». «Тоҷикфилм» наворбардории филми мустанадро оғоз намуд

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба муносибати таҷлили 5500–солагии Саразми бостон таҳия ва наворбардории филми мустанади «Асрори Саразм»-ро оғоз намудааст.  

Чанде пеш гурӯҳи эҷодии ин муассисаи фарҳангӣ ба сафари корию эҷодӣ ба шаҳри Панҷакент рафт. Зимни сафар гурӯҳи эҷодӣ аз макони ҳафриёти Саразми бостон, осорхона ва шаҳри Панҷакенти қадимӣ наворбардорӣ намуд. Ҳамзамон дар макони ҳафриёти Саразм гурӯҳи эҷодӣ бо якчанд олимони таърихшинос, донишмандон ва бостоншиносон доир ба ҳафриёт ва таърихи ин макон мусоҳибаҳо анҷом дод, ки барои таҳияи филми мустанад зарур мебошанд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз Панҷакент оғоз гардид

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент бо рафти сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла корхонаи коркарди мис, коргоҳи коркарди меваи хушк, сардхона, беморхонаи марказӣ, бинои муассисаи таълимӣ, бинои агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, иншооти ҷашнӣ дар «Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм» ва бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ шинос шуд.

САРАЗМ — ҲАМСОЛИ НАВРӮЗ! Донишманди тоҷик таърихи зуҳури ин ҳардуро ба «даврони пайдоиши оламу одам» марбут медонад

То имрӯз оид ба таърихи таҷлили Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Муҳаққиқоне, ки оид ба таърихи пайдоиш ва густариш ёфтани иди Наврӯз тадқиқоти илмӣ бурдаанд, бештар ба мадракҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи Империяи Ҳахоманишиҳо нисбат медиҳанд. Хулосаи фикру ақидаҳои онҳо ин аст, ки таҷлили Наврӯз ба давраҳои хеле қадими то таърихӣ (то пайдоиши хат ва аввалин давлатҳо), яъне ба замони каёниён, даврони, ба қавле «пайдоиши одаму олам» рост меояд.

Дар иртибот ба ин мавзуъ номзади илми таърих, муҳаққиқи ёдгории Саразм Абдурауф РАЗЗОҚОВ ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори назар намуд:

—Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба далелу мадракҳои ҷадиди бостоншиносӣ борҳо зикр намудаанд, ки Наврӯз таърихи 6000-сола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, иди кишоварзон будааст.

Саҳифаи 1 аз 3

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: