ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Об барои рушди устувор

Иштирок дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анҷоми муваффақонаи муколамаи нахустин бахшида ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” қаноатмандию нишоти худро иброз доштанд.

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям.

Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.

Итминон дорам, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: