ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парламент

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Дар мулоқот аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

БА ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН САВОЛ ДИҲЕД. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар нашрияҳо «Равзанаи Парлумон» боз мекунад

Бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои мамлакат гӯшаи  роҳандозӣ мешавад, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ҳангомасозиҳои иттилоотӣ  ва роҳ надодан ба нашри масъалагузориҳои таҳрикомез мебошад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов, солҳои охир дар воситаҳои  ахбори омма, бахусус  рӯзномаҳои хусусию тиҷоратӣ масъалаҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, зимни  муҳокимаи онҳо муаллифон баъзан ба ҳангомасозӣ роҳ медиҳанд.

Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани гӯшаи мазкур ба унвони сармуҳаррирони рӯзномаҳо барои ҳамкории муштарак мактуби расмӣ  ирсол гардида, барои як давраи омӯзишӣ кори «Равзанаи Парлумон» дар нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худ- Ravzana-2018@mail.ru-ро дошта, шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ  ва телефонҳои 221-68-16, 221-13-78,  221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд.

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: