30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки тартиби мазкур дар асоси усулҳои муосири самарбахши идоракунии давлатӣ, бахусус ҷиҳати тақвияти сиёсати давлат дар маҳал таҳия гардида, хусусиятҳои хос, иқтидорҳо, афзлиятҳо ва захираҳои мавҷудаи шаҳру ноҳияҳоро ба инобат мегирад.