ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иди Ғалаба муборак!

8 майи соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Назаров Абдуҳамид Узокович, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Сардори Раёсати таҷлил ва омори гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳусни оғоз бахшида, ҳайати шахсиро ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба муборакбод намуда, доир ба муҳимияти ин санаи таърихӣ суханронӣ намуданд.

Сипас, Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Назаров Абдуҳамид Узокович ба сухан баромада, қайд кард, ки: «Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҷабҳаи ҷанг сафарбар карда шуданд. Умуман, аз кишвари мо бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин хисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд».

Дар анҷом Сардори Раёсати таҷлил ва омори гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда ба меҳмони муҳтарам барои иштирок ва суханрониҳои пурмуҳтаво шахсан аз номи худ ва ҳайати шахсии Хадамот минатдорӣ баён намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: