ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрӣ бахшида ба Паёми имсола дар Хадамоти гумрук

23 январи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал – майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Сафарзода Қутбиддин Шаҳобиддин ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки: - “Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири соҳаҳои мухталифи кишвар буда, муждаи неке аз ояндаи дурахшони кишвар аст. Дар ин Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Воқеан, Паёми Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишварро фаро гирифта, барои ҳар яки мо раҳнамои асосии зиндагӣ маҳсуб меёбад.

Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Пешвои миллатро ҳамчун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати рушд бахшидани самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумрук ва ноил гардидан ба рушди устувор, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, тамоми донишу малака ва кӯшиши худро ба харҷ хоҳанд дод”.

Сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Қутбиддин Шаҳобиддин дар навбати худ қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврае ироа гардид, ки Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша – чорабиниҳо тасмим гирифтааст, ки вобаста ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо вохӯриҳо доир намояд ва муҳтавои Пайёмро ба саҳми хизматчиёни давлатӣ бирасонад.

Бешубҳа соли 2018 барои кишвар ва мардуми мо соли комёбиҳо ва дастовардҳои беназир буд. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамон рӯзе рост омад, ки Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" қобили қабул буд. Маротибаи чорум аст, ки Созмони Миллали Муттаҳид иқдому пешниҳоди ин абарманди таърихиро бо аксарати овозҳо ва ҷонибдории бештари кишварҳои олам қабул мекунад. Ин боиси сарфарозии ҳар як тоҷикӣ кишварӣ азизи мо мебошад. Таваҷҷуҳи кулли мардуми кишвар ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нишонаи дастгирии сокинон ба тасмимҳои шоиставу саривақтии роҳбарияти олии кишвар аст. Намояндагони касбу корҳои гуногун дар Пайёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат ҳатман нуқтаҳои муҳими фаъолияти худ пайдо мекунанд. Дастуреро барои фаъолият то Пайёми дигар ба даст меорад. Пайёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёби мегардад.

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва сифати қонунҳои амалкунанда, инчунин, ба сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ кишвар мутобиқ намудани онҳо омили асосии иморӣ давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани лоиҳаи қонун ва суд дониста мешавад.

Пешвои миллат, дар Пайёмҳои ҳарсола андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор намуда, оқибатҳои ногувори ин хатару таҳдидҳоро таъкид намуданд. Аз ин лиҳоз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда шуданд, ки ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ муборизаро барзидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромилӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи муғадир, инчунин, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо тақвият бахшанд.

Инчунин, муовини Сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ва сардори шуъбаи Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Чиллаев Хуршед дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.

Дар анҷом муовини сардори Хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда ба меҳмони муҳтарам барои иштирок ва маърӯзаи пурмуҳтаво шахсан аз номи худ ва ҳайати шахсии Хадамот минатдорӣ баён намуда, дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти касбиашон барору сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: