ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумрук

Беҳтар намудани шароити фаъолият барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Хадамоти гумрук чун дигар сохторҳои давлатӣ баҳри таъмини иҷрои як қисми даромади буҷети давлатӣ, ҳифзи амнияти иқтисодӣ, мубориза бар зидди муомолоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии воридоти адабиёти ифротгароӣ, танзими тиҷорати хориҷӣ ва пешгирӣ аз содироти осори арзишманди таърихиву фарҳангӣ саҳми босазо дорад.

Ҳамасола 22 январ рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумрук ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин замина тибқи муқаррароти моддаи 486 – и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии як қатор ҷавонафсарон бахшида ба иди касбии гумрукчиён бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон баргузор гардид.

Баъд аз маросими савгандёдкунӣ, сардори хадамоти гумрук, дар бораи ташаккул ва рушди мақомоти гумрук дар даврони истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти гумрук зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар чорабинии идона тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду нафар кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои навбатии генерал-майор супорида шуд. Рутбаҳои ҳарбиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид супориданд.

Ҳамзамон аз фаъолияти назарраси кормандони Мақомоти гумрук ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бояд саривақтӣ иҷро карда шавад.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ идомаи фаъолияти пурмаҳсулро талаб дорад.

Сипас, Сардори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 27-умин солгарди мақомоти гумрук як қатор кормандонро бо мукофотҳо, ифтихорнома, медали ҷашнии “25-солагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти гумрук ”сарфароз гардонид.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: