ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил

4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гардид.

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла лоиҳаи технологияи намунавии ҳамкорӣ байни мақомоти гумрук ва интиқолдиҳандагон тавассути роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Иттиҳоиди давлатҳои мустақил ҳангоми амалиётҳои гумрукӣ ва назорати гумрукии молҳое, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешаванд, мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуданд.


 Зимни баргузории ҷаласа инчунин, ба лоиҳаи талаботи намунавӣ барои амнияти иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва захираҳои мақомоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоиди давлатҳои мустақил ва нақшаи кории Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил барои соли 2019 аз ҷониби аҳли нишаст диққати махсус зоҳир карда шуд. 

 Бо дарназардошти моҳияти равандҳои ҳамгироии самтҳои асосии фаъолияти Шӯро, ки аз ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукӣ, ташаккули механизмҳои самарабахши тарифӣ ва ғайритарифӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба соддагардонии муқаррароти гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии мол, ҳамоҳангсозии ҳамкории амалии гумрукӣ ва дигар мақомоти манфиатдори миллии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар самтҳои асосии сиёсати гумрукӣ, инчунин, ташкили мубодилаи маълумотҳои омори гумрукии савдои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои стратегӣ оид ба таъмини мақомоти гумруки Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо воситаҳои техникаи назорати гумрукӣ ва дигар ҷанбаҳои, ки бевосита ба фаъолияти гумруки узви кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил вобаста аст, дар заминаи фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба танзим дароварда мешаванд. 

Зикр гардид, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконияти мусоид барои сокинони мамлакат ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ дар самти фаъолияти мақомоти гумрук дар партави сиёсати созандаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ босуръат ҷараён дорад. 

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди кишварҳои давлатҳои мустақил 23-юми декабри соли 1993 таъсис дода шуда, дар ин давра барои рушди фаъолияти мақомоти гумруки кишварҳои аъзо саҳми арзанда дорад. 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: