ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар Хадамоти гумрук

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомот, инчунин намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Чорабиниро Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майор Хуршед Каримзода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳ шодбошу таҳният гуфтанд. Иброз доштанд, ки бо шарофати Истиқлолият ва баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон мо ба дастовардҳои бузург ноил гардидем. Дастовардҳои кишвари мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

- Истиқлолият дар баробари он ки орзуи деринаи халқи тоҷик аст, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи давлату миллат моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишварамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон сазовор адо намоем, - иброз дошт генерал-майор Хуршед Каримзода.

Сипас, сухан ба Абдуҷаббор Сатторзода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ӯ ҳозиринро бо ин санаи муқаддас таҳният гуфта, дар хонадони ҳар фарди тоҷик сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осоиштагиву осудагиро таманно намуд. Баъдан аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як нафар корманди Хадамоти гумрукро бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардониданд.

Дар идомаи ҷашни тантанавӣ аз ҷониби Сардори Хадамоти гумрук, генерал – майор Хуршед Каримзода ба як қатор кормандони мақомот барои саҳми назаррасашон дар соҳа, мукофоти соҳавӣ – нишони сарисинагии “Аълочии Хадамоти гумрук”, медали “25 – солагии Хадамоти гумрук”, “Ифтихорномаи фахрӣ”, “Раҳматнома” ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд. Ҳамчунин, 3 нафар аз кормандони соҳаро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи генерал – майор сарфароз гардиданд, шодбошу таҳният гуфтанд. Дар баробари ин, миннатдории роҳбарияти Гвардияи миллӣ баҳри иштироки фаъолонаи кормандони Хадамоти гумрук дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.

“Моро мебояд, ки ба арзишҳои миллиамон арзи эҳтиром гузорем ва баҳри ободии кишварамон боз ҳам саъю талош намоем. Муҳофизони боэътимоди амнияти давлату миллат ва манфиатҳои мардуми кишварамон бошем. Талош варзем, то фаъолияти худро бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳамчун фарзандони ғамхори миллат, қарзи фарзандии хешро адо намуда, содиқона хизмат намоем”, - бо чунин суханҳо маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба фарҷом расид.

Воқеан, Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XX ба шумор меравад, ки он нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, баъдан ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт. Имрӯз кишвари мо ба як давлати тинҷу осуда ва пешрафтаву гулгулшукуфо табдил ёфтааст. 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: