ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии навбатӣ байни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии навбатӣ байни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Дар доираи сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳои бо ҳам дӯст санаи 2 марти соли 2019 нуқтаи назоратии гузаргоҳи автомобилии дуҷониба дар сарҳади байни шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Узуни Боботоғи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Руслан Мирзоев, раиси ноҳияи Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Боботоғ С. Хидиров ва аз ҷониби мақомоти гумрук Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, Сардори Раёсати РМГ дар шаҳри Турсунзода, полковники хадамоти гумрук Саидзода Сабзаалӣ ва дигар кормандони масъули Раёсати мазкур иштирок намуданд.

Бо мақсади рушди тиҷорат, сайёҳӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, инчунин, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ зарурати кушодашавии гузаргоҳи нави сарҳадӣ ба миён омадааст. Бинобар ин, протокол санаи 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расида, аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳо таҳия гардидааст. Протокол дар робита ба беҳтар шудани муносиботи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бо мақсади содагардонии рафтуомади сокинони ҳар ду кишвар ва рушди савдои назди сарҳадӣ ба имзо расонда шудааст.

Дар асоси санади мазкур гузаргоҳи дутарафаи автомобилии «Ҳисор» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Боботоғ» аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба рӯйхати гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ гузаронда мешавад. Ин рӯйдоди таърихӣ ва некро ҳамагон интизорӣ мекашиданд. Акнун шаҳрвандони ҳар ду давлати бо ҳам дӯсту бародар метавонанд, тариқи гузаргоҳи сарҳадӣ бе мамоният рафту омад намоянд.

Ба ҳам омадани ҳазорон нафар ва ҳамдигарро гарму самимӣ истиқбол намудани шаҳрвандони ҳар ду ҷониб аз пойдории дӯстию рафоқат ва пайванди риштаҳои таърихию фарҳангии ҳар ду миллат шаҳодат медиҳад.

Дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳади намояндагони ҳар ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, иброз доштанд, ки кушода шудани боз як гузаргоҳи нав аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев маншаъ гирифта, дар самти боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат, рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва табодули молу маҳсулот байни давлатҳо заминаи воқеӣ мегузорад.

Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон зимни баромад таъкид доштанд, ки ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадӣ байни кишварҳо имконият фароҳам меорад, ки онҳо аз ин пас бе мамониат рафту омад намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12 гузаргоҳи сарҳадии автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи сарҳадии роҳи оҳан фаъол аст. Рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 – ум 6,5 маротиб афзудааст. Аз ҷумла, дар соли 2017 тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон убури 204858 шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд. Ин нишондод аз моҳи марти соли 2018 - ум 1388180 нафарро ташкил дод.

Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 гузаргоҳи давлатӣ, аз ҷумла 16 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 7 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 5 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 5 гузаргоҳ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ фаъоланд.

Муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки ду давлати ҳамҷавор решаи таърихӣ дошта, ин ду миллат урфу одат ва фарҳангу таммадуни ба ҳам наздик доранд.

Ҷониби Тоҷикистон меҳмонони аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташрифовардаро бо меҳмоннавозии хуби тоҷикона дар сатҳи баланд истиқбол гирифта, ба сари як дастархон сӯҳбати дӯстона оростанд. Ба ҳамин монанд ҷониби кишвари бо мо дӯсту ҳамсоя Ӯзбекистон низ шаҳрвандони Тоҷикистонро гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.

Бояд таъкид намуд, ки равобити дуҷониба ва мутақобилаи судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон омили муҳимтарини пешрафти соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла, иқтисоду савдо барои ҳарду ҷониб заминаи асосӣ мегузорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон ва рӯзи таърихӣ, кушодашавии гузаргоҳи сарҳадӣ барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд. Дар барномаи консертӣ ҳунармандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баромад намуда, бо таронаҳои таҷассумкунандаи дустию рафоқт хотири иштирокчиёнро болида сохтанд.

Бояд зикр намуд, ин гузаргоҳ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ бунёд шуда буд. Ҳоло он мутобиқ ба талаботи замони имрӯза таҷдид гардида, бо техникаи муосир муҷаҳҳаз гардида, 17-умин нуқтаи назоратӣ - гузаргоҳӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.

  Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: