ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паём меҳвари пешбарандаи ҷомеа

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ мунтазам бо кормандони Прокуратураи вилоят, Агентии давлатии молия ва мубориза бо коррупсия суҳбатҳо ороста бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва кормандони гумрук, шӯроҳои машваратӣ баргузор менамояд, инчунин, бо соҳибкорон ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии вилоят вохӯриҳо анҷом дода, масъалаҳои мубрами фаъолияти мақомоти гумрук мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 

Чунин вохӯриҳо барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оид ба такмил додани усул ва шаклҳои назорати гумрукӣ шароит фароҳам оваранда, бо мақсади пешгирӣ намудан ва аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ ва қонуншиканӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, шаффофият ва волояти қонун, зуҳуроти номатлуб, ҳамчун самти афзалятноки фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ ба шумор меравад, зикр намуд сардори Раёсати мазкур, подполковники хадамоти гумрук Сафарбек Ризвонзода.

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ, дар якҷояги бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар нақшаи кори Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ВМКБ ва реҷаи гузаронидани “Рӯзи ягонаи ҳуқуқӣ” дар ҳудуди вилоят фаъолона иштирок менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2019 фаъолияти тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ дар партави Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда мешавад. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, самтҳои асосии тараққиёти он, аз ҷумла, роҳандозии се ҳадафи стратегии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ва баҳо дода шуд.

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарм истиқбол намуда, сармашқи фаъолияти худ қарор дода истодаанд. Дар байни ҳайати шахсии Раёсати мазкур ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба ватану миллат тавассути ниҳодҳои идеологӣ, таблиғ гардида, кормандони мақомоти гумрук бо истифода аз тамоми қудрату имкониятҳое, ки барояшон дастрас аст, кӯшиш менамоянд, ки баҳри ободиву шукуфоии ин кишвари азиз саҳми арзандаи худро гузоранд ва масъулияте, ки бар дӯш доранд дар назди миллату ватан бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: